Аз соли 2001 ҳамкори Бахши тоҷикии радио "Озодӣ" мебошад. Пеш аз он хабарнигори радиои "Садои Хуросон" дар Душанбе буд. Муассис ва сардабири ҳафтаномаи "Суруш" буд. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон мебошад.
Баҳси таҳияи Консепсияи истифода аз захираҳои обӣ дар меҳвари гуфтугуи дабири кулли Ҷомеъаи ҳамкориҳои АвруОсиё Тоҳир Мансуров бо раисҷумҳури Тоҷикистон будааст.
Коршиносон аз Арманистон ва Озарбойҷон бо омӯзиши таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон ва корбурди он дар ҳалли низои Қаробоғи Куҳӣ машғуланд.
Бо мавриди амал қарор гирифтани Барномаи нави истротежики Иттиҳодияи Аврупо дар қиболи кишварҳои Осиёи Марказӣ акнун суоли матраҳ ин аст, ки оё дар воқеъ барномаи нави ҳамкориҳои роҳбурдӣ метавонад оғози марҳила ё даври нави ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва ин Иттиҳодия бошад?
Ахиран ду созмони тоҷикони муҳоҷири муқими Русия таъсис шуд. Ин созмонҳо эълон кардаанд, ки ҳадафашон ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирини Тоҷикистон дар Русия мебошад.
Воқеаҳои Гурҷистон бисёриҳоро ба ин фикр бурдааст, ки оё имкони пеш омадани чунин ҳол дар кишварҳои дигари пасошуравӣ вуҷуд дорад?
Мудирони расонаҳои хабарӣ ва коршиносони расонаӣ зимни як ҳамоиш нақши матбуот дар раванди ислоҳоти ҷомеа ва иллатҳои муассир воқеъ нашудани расонаҳо дар раванди ислоҳот ва ҷараёнҳои сиёсӣ ва тасмимгириҳои давлатро баррасӣ карданд.
Сироҷиддин Аслов - сафири Тоҷикистон дар СММ зимни суханоне дар Маҷмаи умумии ин созмон аз номи Созмони ҳамкориҳои Шонҳой аз ташдиди авзои Афғонистон ва доман паҳн кардани фаъолияти гуруҳҳои тундрави Толибон ва ал-Қоида изҳори нигаронӣ кардааст. Ӯ гуфтааст, ташаннуҷи авзо метавонад боиси афзоиши қочоқи маводи мухаддир ва таҳдид ба амнияти минтақа шавад.
Ҳарчанд мақомоти Тоҷикистон қаблан аз ихтиёрдории 25 дарсади саҳмияҳои нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯдаи-1» суҳбат мекарданд ва баъдан ҳам талоши афзудан ба сиҳоми Тоҷикистон дар ин сохтмонро доштанд, мақомоти РАО ЕЭС-и Русия мегӯянд, ки танҳо ҳудуди 18 дарсади саҳмияҳои ин нерӯгоҳ ба Тоҷикистон тааллуқ мегирад.
Бо вуҷуде, ки мақомоти Тоҷикистон қаблан аз ихтиёрдории 25 дарсади саҳмияи ниругоҳи барқи обии Сангтудаи-1 суҳбат мекарданд ва баъдан ҳам талоши афзудан ба саҳмияи Тоҷикистон дар ин сохтмонро доштанд, мақомоти ширкати РАО ЕЭС-и Русия мегуянд, танҳо ҳудуди 18 дарсади саҳмияи Сангтудаи -1 ба Тоҷикистон тааллуқ мегирад.
Баҳси ҳамкориҳои СПАД ва Созмони ҳамкориҳои Шонҳой ва ба ҳадди як созмони сиёсӣ - низомӣ густариш ёфтани созмони Шонҳой дар маҳофили коршиносӣ ва расонаҳо ҳамчунон идома дорад.
Мақомоти ширкати "Барқи тоҷик" мегӯянд, барномаҳои муқаддамотӣ ва омодагӣ барои азсаргирии сохтмони ниругоҳи барқи обии Роғун анҷом шуд.
Мақомоти Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон мегӯянд, давлат барномаи хусусисозии Корхонаи алюминии Тоҷикистонро рӯи даст надорад, аммо зимни барномаи таҷдиди сохтории ин ширкат имкони амалӣ кардани шакли идораи корпоративии зерсохторҳои ин корхонаро имконпазир медонад.
Баъд аз нашри ахбор роҷеъ ба талоши Кремл ҷиҳати ба тасвиб расонидани Созишномаи миёни Русия ва Тоҷикистон дар мавриди истифодаи муштарак аз нерӯҳои низомии ду кишвар дар маҳофили мухталифи Тоҷикистон акнун ин суол матраҳ шудааст, ки зарурати чунин қарордод дар сурати узвияти ду кишвар дар Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ чӣ буда ва андозаи суду зиёни он барои Тоҷикистон чӣ хоҳад буд.
Маҳмадназар Солеҳов, вазири умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, ки бо вуҷуди дар қаламрави Тоҷикистон надоштани ташкилотҳои воҳиди худ созмонҳои манмӯъ ва тундрави мазҳабӣ, назири «Ҳаракати исломии Узбакистон» (ҲИУ), ҳаммоно ба фаъолияти худ идома медиҳанд.
Назарияи истифодаи босамари захираҳои оби Осиёи Марказӣ пазируфта нашуд, зеро бо мухолифати Узбакистон рӯбарӯст.
Ин навбат «Чашмандоз» ба вазъи матбуот ва озодии баён ва дар Тоҷикистон бахшида шудааст.
Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ҳукумати Русия ба дархости онҳо роҷеъ ба тахсиси саҳмияи ҷои кор барои ҳаштсад ҳазор нафар муҳоҷири корӣ посух надодааст.
Бо анҷом пазируфтани се нишаст бо ширкати сарони кишварҳои узви Ҷомиъаи муштаракулманофеъ таъсиси Иттиҳодияи гумрукӣ муҳимтарин дастоварди ин нишаст унвон мешавад.
Дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Ҷомеаи муштаракулманофеъ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои руси ӯ, Владимир Путин нишон доданд, ки муносибатҳои ду кишвар "тармим" шудаанд.