Расонаҳо: Путин аз Эрон хост, ғанисозии уранро қатъ кунанд

Владимир Путин ва Масъуд Пизишкиён

Владимир Путин аз тасмим барои комилан даст кашидани Эрон аз ғанисозии уран пуштибонӣ кардааст. Хабаргузории Axios бо такя ба манобеаш навиштааст, изҳори назари Путин дар гуфтугӯҳои пӯшида бо ҳамтои амрикоиаш Доналд Трамп ва намояндагони Эрон садо додааст.

Ба гуфтаи ин манбаъ, Маскав ба Теҳрон тавсия додааст, ки аз ғанисозии уран пурра даст кашад ва Русия омода аст, ки урани ғанишударо аз Эрон барорад.

"Путин аз эрониҳо даъват кард, ки дар ин самт кор кунанд, то музокироти беҳтаре бо амрикоиҳо дошта бошанд. Мақомоти Эрон гуфтаанд, ки ин масъаларо баррасӣ намекунанд,"-навиштааст хабаргузорӣ.

Axios ҳамчунин гузориш додааст, ки Русия дар мазҳари ом аз ҳаққи Эрон барои ғанисозии уран пуштибонӣ мекунад, вале баъди ҷанги 12 рӯза бо Исроил, Маскав мавқеи сахтар дар пеш гирифт. Дар ниҳоят Эрон аз он ноумед шуд, ки Русия дар рӯзҳои ҷанг бо Исроил, ба ҷуз изҳоротҳои матбуотӣ ба Теҳрон ягон кумаки ҷиддӣ накард.

Мақомоти Эрон рӯзи 12-уми июл гуфтанд, ҳамагуна созиши нав бояд ҳаққи ин кишвар бар ғанисозии уранро эътироф кунад.