Дастури таҳияи Coca-Cola бо машварати Трамп дигар мешавад?

25 сентябри соли 2018, Ню Йорк. Президент Доналд Трамп дар ҷаласаи Маҷмаи кулли СММ Diet Coke менӯшад

Президент Доналд Трамп гуфт, ки ширкати нӯшобаҳои Coca-Cola розӣ шуд, ки дар таҳияи ин намуд нӯшокиҳо, ки дар ИМА фурӯхта мешаванд, аз найшакар – шакари табиӣ истифода кунад. Ҳоло дар Амрико барои омода кардани нӯшокии маъруф шарбати ҷуворимакка ба кор меравад. Вале чанде пеш вазири беҳдошти ИМА Роберт Кеннедии хурдӣ аз таъсири манфии ин маҳсулот ба саломатии инсон изҳори нигаронӣ карда буд.

Трамп, ки нӯшидани Coca-Cola-ро дӯст медорад, дар саҳифааш дар шабакаи Truth Social навишт: “Ман бо Coca-Cola дар бораи истифодаи найшакар ба ҳангоми истеҳсоли Coke дар Амрико сӯҳбат кардам ва онҳо розӣ шуданд. Мехоҳам ба ҳамаи онҳое дар Coca-Cola, ки дар қабули чунин қарор иштирок кардаанд, миннатдорӣ баён кунам”.

Намояндаи ширкати нӯшокиҳои маъруф бидуни тасдиқи мустақими ин ки дар дастури таҳияи Coca-Cola тағйироте ворид мешавад, гуфт, “ташаббуси президент Трампро қадрдонӣ мекунад” ва “дар наздиктарин фурсат ҷузъиёти нави маҳсулоти пешрафтаи Coca-Cola-ро нашр хоҳад кард”.

Дар ҳоле, ки барои истеҳсоли Coca-Cola дар Амрико аз шарбати ҷуворимакка истифода мекунанд, дар кишварҳои дигари мисли Мексика, Бритониё ва Австралия асосан найшакар ба кор меравад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Ширкати Coca-Cola дар ғасби тиҷорати сердаромад ба ҳукумати Узбекистон мусоидат кардТоҷикистон Кока-Колаи худӣ истеҳсол мекунад