Артиши Русия шаби 15 июл шаҳри Шосткаи вилояти Сумии Украинаро мушакборон кард, дар натиҷа, бинои беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ хароб карда шуд ва 11 бинои истиқоматии баландошёна осеб дид.
Бар асоси иттилои пешакӣ, ба шаҳри Шостка се ҳамлаи мушакӣ сурат гирифтааст. Як нафар маҷрӯҳ гардид. Дар маъмурияти низомии вилоят гуфтанд, ки “ҳаҷми хисорот дақиқ карда мешавад. Ҳоло поккории ҷои харобаҳои биноҳо идома дорад”.
Шарҳдори Шостка Николай Нога гуфт, ки дар ҳамлаи шабона диспансери бемориҳои рӯҳу асаби Свеский мавриди ҳамла қарор гирифт ва бинои он хароб карда шуд. Дар баробари 11 бинои манзилҳои бисёрошёна 10 манзили истиқоматии хусусӣ ҳам осеб дидаанд.
Олег Григоров, раҳбари маъмурияти ҳарбии вилояти Суми гуфт, ки дар ҳамлаҳои шабона духтарчаи 14-сола маҷрӯҳ шудааст. Ӯ замоне, ки ба сӯи паноҳгоҳ шитоб мекард, аз таркише захмӣ шуд.
Дар деҳаи Приколотное дар вилояти Харков, ба иттилои Хадамоти давлатии ҳолатҳои изтирорӣ, хонаҳои хусусӣ хароб карда шуда, ду манзил ва чор сохтмони хоҷагӣ ба коми оташ рафтаанд. Як зани 68-сола осеб дидааст.