Баҳона барои маҳрум кардан аз шаҳрвандии Русия зиёдтар мешавад

Вакилони Думаи давлатии Русия тарҳи санадеро қабул карданд, ки асос ва ё баҳонаҳо барои маҳрум сохтани хориҷиён аз ҳаққи шаҳрвандии кишварро зиёд мекунад.

Бар асоси қонуни нав, агар як шаҳрванди Тоҷикистон ё Узбекистон шаҳрвандии Русияро гирифта бошад ва ҷинояти сахте содир кунад, шиносномаи ӯро бечунучаро аз дасташ мегиранд ва аз ҳаққи шаҳрвандии Русия маҳрум мекунад.

Дар гузашта фаъолони сиёсӣ аз ҷумла аз Тоҷикистон ба мисли Каромат Шарипов ва Иззат Амонро бо иттиҳомоти қонуншиканӣ аз шаҳрвандии Русия маҳрум сохта ба Тоҷикистон ихроҷ карданд. Асосҳои нав барои маҳрумсозӣ ҷиноятҳои сахт, ба мисли қатл, таҷовузи гурӯҳӣ, таҷовуз бо бераҳмии хос буда метавонанд.

Шумори шаҳрвандони Русия аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон даҳҳо ҳазор нафарро такшил медиҳад ва танҳо соли 2022 беш аз 170 ҳазор тоҷикистонӣ соҳиби шиносномаи русӣ шудаанд.

Ҳамчунин агар касе, ки бо кӯдаки то 12-сола иртиботи тифл иртиботи ҷинсӣ дошт, ё кӯдакону наврасонро ба танфурӯшиву иртиботи ҷинсӣ маҷбур месозад, ё маводи порнографӣ бо ҳузури кӯдаконро омодаву нашр мекунад, аз ҳаққи шаҳрвандии Русия маҳрум сохта мешавад.

Яке асоси дигаре, ки метавонад, ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, ё кишвари дигареро аз ҳаққи шаҳрвандии Русия маҳрум созад, гунаҳкор донистан ба ифротгароӣ ва дуруст шуморидани терроризм аст. Солҳои ахир теъдоди зиёде аз шаҳрвандони Тоҷикистонро дар Русия бахусус бо иттиҳоми ифротгароӣ ба зиндон маҳкум кардаанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Раҳбари иттиҳодияи озаритоборони Маскавро ба Озарбойҷон рондандҲадяе, ки барои хонаводаи тоҷик дар Русия дарди сар шудЗодаи Тоҷикистон барои гирифтани хонааш ба додгоҳ муроҷиат кард