“Ба маърўзачӣ савол ё пешниҳод ҳаст? Нест". Парлумони Тоҷикистон хомӯштар шудааст?

Файзалӣ Идизода, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз натиҷаи кори семоҳаи ҳайати нави вакилони парлумон тавсиф намуда, гуфтааст, дар ин муддат бештар аз 100 тарҳи қонун ва санадҳои дигари ҳуқуқиро қабул кардаанд, ки ба қавли ӯ, “ҳамаи онҳо иродаи интихобкунандагони кишварро ифода менамуданд”. Чунин арзёбии ӯ дар ҳоле садо медиҳад, ки ба қавли бархе огоҳон, кори ҳайати нави парлумон барои ҷомеа норӯшан аст.

Мазҳаб Ҷумъа, хабарнигоре, ки аз ҷаласаҳои парлумонӣ борҳо гузориш таҳия кардааст, мегӯяд, ҳоло наметавонанд аз ҷараёни кори вакилон ҷомеаро огоҳ кунанд.

“Як мисоли оддӣ метавонад фаъолияти онҳоро нишон диҳад, ин аст, ки дар замони фаъолияти парлумони қаблӣ, бархе аз журналистон, махсусан журналистони “Азия плюс” дар баъзе ҷаласаҳои парлумон даъват мешуданд. Ширкат мекарданд. Аз он ҷо гузоришҳо омода мекарданд. Вале то чанд моҳ мондан аз хатми фаъолияти онҳо ва ҳамчунин се моҳ мешавад аз фаъолияти ҳайати нави парлумон мо, журналистон, ба парлумон даъват намешавем, мутаассифона ва наметавонем ба таври мустақим гузориш пахш кунем,” - афзуд ӯ.

Баръакси фаъолияти вакилони феълӣ, дар замони раёсати Шукурҷон Зуҳуров аксари мавзӯъҳои баррасишаванда дар парлумон расонаӣ мешуданд. Ҳамчунин баҳсҳое дар парлумон садо медод ва мансабдороне, ки тарҳҳоро муаррифӣ мекарданд, гоҳе мавриди пурсишу интиқод қарор мегирифтанд.

Баъди Шукурҷон Зуҳуров, Маҳмадтоир Зокирзода, ки раёсати Маҷлиси намояндагонро бар душ дошт, талош мекард вакилон берун аз мавзӯҳои рӯзнома ба мансабдорон суол надиҳанд. Ҳоло аз кори ҳайати нави парлумон бештар аз се моҳ мегузарад, вале баҳсҳои ҷиддӣ аз кори онҳо ба назар намерасад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Маҷлиси Намояндагон бо чӣ натиҷае ба таътили тобистона мебарояд?

“Ба маърўзачӣ савол ё пешниҳод ҳаст? Нест.” Ин ҳарфест, ки дар ҳама ҷаласаҳои парлумонӣ аз сӯи раиси палатаи поёнии парлумон садо медиҳад.

Дар яке аз ҷаласаҳои ахир ҳам ҳангоми қабули тарҳи қонун дар 8 ҳолат чунин пурсишу посухро такрор мекунад, вале касе аз вакилон суоле ба миён намегузорад.

Дар чаҳор панҷ соли пеш вакилони пешин мисли Саидҷаъфар Усмнозода, Абдуҳалим Ғаффоров гоҳе бо пурсишҳои худ то ҷое ҷаласаҳои парлумониро “гарм” нигоҳ медоштанд. Пештар марҳум Шодӣ Шабдолов ва чанде аз чеҳраҳои дигар низ боҷуръатона масъалагузорӣ мекарднд, ба вазирону раисони идораҳои давлатӣ суол медоданд.

“Ман аз ин ҳайати нав ба истиснои чанд нафар, ки онҳо ҳам ба хотири он ки дар гузашта дар мансабҳои баландтар кор кардаанд, масалан чеҳраи сиёсӣ буданд, дигар касеро намешиносам, намебинам, ки баъди вакил шудан исмашон дар сархати расонаҳо баромада бошанд,” - гуфт хабарнигор Мазҳаб Ҷумъа.

Вокуниши вакилони парлумони Тоҷикистон дар мавзуъҳои доғе мисли баҳсҳои марзӣ, ҳодисаи “Крокус сити ҳолл”-и вилояти Маскав, нақзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия низ ба назар намерасид.

Талошҳои мо барои суҳбат атрофи фаъолияти парлумон бо худи вакилон бенатиҷа монд ва бархеи онҳо аз суҳбат худдорӣ карданд.

Рӯзи 15-уми июл чанде аз сокинон дар кӯчаҳои Душанбе посух доданд, ки дар бораи кори вакилони парлумонӣ чизе намедонанд.

Ҳайати нави палатаи поёни парлумони Тоҷикистон 2 марти соли ҷорӣ интихоб шуда ва 19 март аввалин ҷаласаи худро баргузор карданд. Маҷлиси намояндагон аз 63 вакил иборат буда аксари онҳоро аъзои ҳизби ҳокими Халқии демократии Тоҷикистон ташкил медиҳад.

Ҳизбҳои дигар, ки дар парлумон курсӣ доранд, онҳоро ҳизбҳои рӯ ба ҳукумат ҳам меноманд ва борҳо барои фаъолу мустақил набудан мавриди интиқод қарор гирифтаанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Дар парлумони Тоҷикистон гуруҳи вакилони ғайриҳизбӣ таъсис шудКМИР иҷоза надод. Интихоботро кӣ назорат ва кӣ инъикос мекунад?Охирин намоди мухолифат. Боздошти Шокирҷон Ҳакимов барои ҷомеа чӣ паём дорад?