Эҳтимоли коҳиши интиқоли пул ба Тоҷикистон дар се соли оянда

Як созмони хориҷӣ кам шудани интиқоли маблағ ба Тоҷикистонро дар се соли оянда пешгӯӣ кардааст.

Фонди авруосиёии суботу рушд дар гузориши нави минтақавиаш гуфтааст, мушкилоти эҳтимолӣ дар қонунигардонии будубоши муҳоҷирони кории тоҷик метавонад боиси коҳиши интиқолҳо аз 2 то 4 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ гардад ва мутаносибан сатҳи некуаҳволии аҳолиро поин барад.

Таҳлилгарони Фонд пешбинӣ кардаанд, ки ҳаҷми интиқоли маблағ аз ҷониби муҳоҷирон дар соли равон аз 44,7 млрд сомонӣ дар соли 2024, то 40 млрд сомонӣ кам мешавад.

Мувофиқи пешгӯии онҳо, соли 2026 ҳаҷми интиқол то 37 млрд ва дар соли 2027 - то 35 млрд сомонӣ поин хоҳад рафт.

Тибқи гузориши Бонки Ҷаҳонӣ, соли 2024 маблағи фиристодаи муҳоҷирон 45 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил дод.

Соли 2023 муҳоҷирон ба Тоҷикистон 5,7 миллиард доллар фиристодаанд, ки барои кишвар маблағи "рекордӣ" ба ҳисоб рафта буд.