Намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ гуфтаанд, дар рӯйхати хароҷоти онҳо барои ғизои дастгиршудаҳо маблағ пешбинӣ нашудааст. Қонунгузории Тоҷикистон додани ғизои ройгон ба дастгиршудаҳоро пешбинӣ кардааст.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ё Омбудсмен дар гузориши солонааш навиштааст, соли 2024 тавқифгоҳ ё боздоштгоҳҳои муваққати Вазорати корҳои дохилиро дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Ишкошим, Мастчоҳ ва Ашт санҷиданд.
Ба гузориши Ваколатдор, "бо ғизо таъмин нагардидани дастгиршудаҳо, яке аз мушкилоти асосӣ ба ҳисоб меравад" ва барои боздоштшудаҳо асосан наздиконашон ғизо мебаранд.
Дар гузориши Омбудсмен омадааст, дастгиршудаҳое, ки аз роҳи дур ҳастанд, "аз ҳисоби шахсии кормандони тавқифгоҳҳо бо ғизо таъмин мегарданд".
"Аз суҳбат бо масъулини муассисаҳои зикргардида маълум гардид, ки дар сметаи хароҷоти ВКД барои ин масъалаҳо маблағгузорӣ пешбинӣ нашудааст",-омадааст дар гузориши Омбудсмен.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ваколатдори ҳуқуқи инсон аз вазъи боздоштгоҳҳои Тоҷикистон нороҳат будааст
Вокуниши Вазорати корҳои дохилӣ ба гузориши Омбудсмен маълум нест. Дар дафтари матбуоти Вазорат ба зангҳои хабарнигори Радиои Озодӣ посух надоданд.
Мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон, дар боздоштгоҳҳои муваққатӣ бояд барои боздоштшудаҳо "хӯроки ройгон, ки барои нигоҳ доштани саломатӣ ва тавоноӣ кифоят мекунад", дода шавад.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон тавсия додааст, ки "масъалаи аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ бо ғизо таъмин намудани дастгиршудагон дар тавқифгоҳҳои муваққатӣ амалӣ карда шавад",
Тибқи иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон 65 тавқифгоҳи муваққатии Вазорати корҳои дохилӣ амал мекунанд.
Намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон гуфтаанд, соли 2024 зиёда аз нисфи тавқифгоҳҳоро таъмир кардаанд.
Дастгиршудаҳо то интиқол ба Боздоштгоҳи муваққат ё СИЗО, дар боздоштгоҳи муваққати ВКД нигоҳ дошта мешаванд.
Аммо фақат боздоштгоҳҳои Вазорати корҳои дохилӣ нестанд, ки аз сӯи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон танқид шуниданд.
Дар гузориши солонаи Омбудсмен омадааст, ки бинои боздоштгоҳи муваққатии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар шаҳри Истаравшан "куҳнаву фарсуда" аст.
Дар айни замон Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон навиштааст, вазъи нигоҳдории дастгиршудагон "дар муассисаҳои пӯшида ва қисман пӯшида, рӯ ба беҳбудӣ овардааст".
Ҳомиёни ҳуқуқ борҳо дархост кардаанд, ки мақомот барои таъмини шаффофият, ба онҳо иҷозаи вуруд ба боздоштгоҳҳоро диҳанд.