СММ аз ҳукумати Толибон дар Афғонистон тақозо кард, ки иттиҳомҳои марбут ба издивоҷи маҷбурӣ ва озори як донишҷӯи риштаи тибро аз ҷониби як мақоми собиқи Толибон, ки маҳкумияти бисёр сокинони кишварро ба бор овард, таҳқиқ кунанд. Изҳороти ҳайати СММ дар Афғонистон рӯзи 2 сентябр нашр шуд. Дар он гуфта мешавад, ки шурӯъ аз 30 август дар шабакаҳои иҷтимоӣ як навори видеоие бо симои духтараке мечархад, ки худро Илоҳа Диловозай, донишҷӯи риштаи тиби шаҳри Кобул ва духтари як генерали бознишастаи афғон муаррифӣ мекунад.
Ӯ дар изҳороташ собиқ сухангӯи вазорати корҳои дохилии Толибон Саид Хустиро дар он муттаҳам мекунад, ки берун аз хоҳишаш ӯро ба занӣ гирифт, шиканҷа ва таҷовуз кард. Диловозай инчунин дар ин навор осори латукӯбу доғҳои сиёҳро дар рӯю гирди чашмонаш нишон медиҳад. Маълум нест, ки ин навор кай сабт шудааст.
Дар навори дигари видеоӣ дида мешавад, ки Хустӣ Диловозайро ба зӯр ба хона медарорад ва онҳо дар ин ҷо ҷанҷол мекунанд ва ҳам дар навори дигар саҳнаи бо бел дар даст аз хонааш берун кардани Хустӣ сабт шудааст. Хустӣ баъди нашри ин видеоҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ тасдиқ кард, ки ин хонум ҳамсари собиқаш буд ва дар посух ӯро дар куфр гунаҳгор кард. Хустӣ як ёвари наздики Сироҷидин Ҳаққонӣ, иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои дохилии Толибон ва ҳам раҳбари шабакаи Ҳаққонӣ мебошад.
Ҳоло маълум нест, ки ин зан дар куҷо аст. Диловозай гуфт, ки талош кард ба самти Покистон фирор кунад, вале дар сарҳад боздошт шуд. Аз замони сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон дар моҳи августи порсол, онҳо занону духтаронро аз ҳақҳои зиёд, аз ҷумла таҳсилу кор маҳрум карданд.