Дар ҳоле, ки мақомот дар Тоҷикистон ихроҷи эҳтимолии паноҳҷӯёни афғонистониро аз хоки ин кишвар аслан шарҳ намедиҳанд, бархе аз онҳо вуҷуди рейдҳоро тасдиқ карданд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ шоми 15 июл наворҳое пахш шуд, ки аз эҳтимоли зӯран ба микроавтобусҳо шинонда шудани паноҳҷӯёни афғонистонии сокини Тоҷикистон далолат мекунанд.
Рӯзи 17 июл тими хабарнигорони Радиои Озодӣ дар шаҳри Ваҳдат талош кард ба масъала рӯшанӣ андозад. Дар паи сӯҳбат бо 7-8 паноҳҷӯ маълум шуд, ки воқеан ҳам рӯзи сешанбе як чунин ба истилоҳ рейде барпо шудааст. Ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ гуфтанд, “се автобуси навъи “Газел” омада даҳҳо нафар, аз ҷумла занону кӯдакон ва мардонро” бурданд. Ба куҷо бурда шудани онҳо ваё сарнавишти баъдии онҳо маълум нест.
Рейдҳо боиси бештар шудани тарсу ҳароси паноҳҷӯён шудааст.
Гурӯҳе аз паноҳҷӯён, ки дар бораи ин вазъ бо Радиои Озодӣ сӯҳбат мекарданд, хоҳиш намуданд, ки исму ҳуввият ва ҳам аксу наворе аз онҳо нашр нашавад. Ҳамсояҳои тоҷикистонии онҳо ҳам тасдиқ карданд, ки шоҳиди бурда шудани шуморе аз муҳоҷирон буданд ва баъди ин бисёр аз паноҳҷӯёни дигар талош мекунанд дар хона ваё ҷойҳои амни дигаре панаоҳ ёбанд, берун набароянд, чун аз боздошту баргаштан ба Афғонистон ҳарос доранд.
Дар шаҳри Ваҳдат - макони аслии паноҳҷӯёни афғон, дар ду биное, ки аксар шаҳрвандони Афғонистон он ҷо иҷоранишин ҳастанд, рӯзи 17-уми июл ягон афғонистонӣ дида намешуд. Як нафар аз паноҳҷӯёни афғон дар суҳбати телефонӣ гуфт, назди бинои истиқоматии онҳо маъмурони пулису мақомот ҳузур доранд. Замоне, ки хабарнигорони Радиои Озодӣ назди яке аз биноҳо рафтанд, як корманди мақомот бо либоси низомӣ қарор дошт. Ӯ нахост ба саволҳои Радиои Озодӣ посух диҳад.
Ин паноҳандаи афғон ҳамчунин хабар дод, ки паноҳҷӯён аз тарси оне, ки ихроҷ мешаванд, давоми чанд рӯзи ахир аз хона берун намеоянд. “Онҳо афғонҳоро дошта, ҳуҷҷатҳояшонро мегиранд ва барояшон вақт таъин мекунанд. Феълан тақрибан бештар аз 20 рӯз аст, ки дар хона ҳастем ва ба ҳеҷ ҷой набаромадем”, -афзуд ин муҳоҷири афғон. Ин паноҳҷӯ гуфт, дар хона ҳам захираҳои ғизояшон ба охир мерасад ва як ҳолати душворе доранд.
Рӯзи 18 июл ба унвонии Радиои Озодӣ як паноҳҷӯе аз шаҳри Ваҳдат нома зад ва дар он аз ҳолатҳои "ихроҷи маҷбурии" афғонистониён шикоят намуд. Радиои Озодӣ ба хотири осеб нарасидан ба муаллиф исми ӯро нашр намекунад.
Ин шахс, аз ҷумла, иддао кардааст, ки ихроҷи паноҳҷӯён ба Афғонистон "ҳафт моҳ ба ин тараф" идома дорад, бо паноҳҷӯён, "ҳатто занону мардони пир рафтори бад нишон медиҳанд ва дашному латукӯб мекунанд". Муроҷиаткунанда аз мақомот хоҳиш кардааст, ки даст аз ихроҷи онҳо бардоранд, бо онҳо меҳрубон бошанд, чун як гурӯҳи ҷабрдида ҳастанд.
"Афғонҳое, ки дар шаҳри Ваҳдат ҳастанд, ҳеҷ кадоми онҳо умри доимӣ надоранд, тамоми дороии худро фурӯхтаанд, то ба кишвари сеюм бираванд, мо муддати кӯтоҳ меҳмон ҳастем. Илтимос рафта аз хукумат пурсед ки чаро депорт мекунанд ва сабаб чист?".
Бо гузашти чанд ҳафта аз хабарҳои ахир аз ихроҷҳо, сафорати Афғонистон дар Душанбе ва мақомоти Тоҷикистон то ҳол мавзуъро шарҳ намедиҳанд. Баъзе аз паноҳҷӯёни афғонистонӣ ҳам дар суҳбатҳои бидуни микрофон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки мақомоти интизомӣ далели ихроҷи онҳоро ба Афғонистон шарҳ намедиҳанд ва танҳо назди онҳо шифоҳӣ муҳлат гузоштанд, ки бояд Тоҷикистонро тарк кунанд.
Бино ба иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон 9 ҳазор шаҳрванди Афғонистон зиндагӣ мекунанд. Аксари онҳо мегӯянд, аз тарси “Толибон” ба Тоҷикистон фирор кардаанд.
Рӯзи 8 июл чанд расонаи маҳаллии Афғонистон бо истинод ба манбаъҳои худ хабар доданд, ки гӯё мақомоти Тоҷикистон ба муҳоҷирони афғонистонӣ 15 рӯз муҳлат додаанд, то кишварро тарк кунанд. Аз он замон то кунун мақомоти тоҷик расман дар ин бора изҳороте надодаанд ва идораи паноҳандагони СММ дар Тоҷикистон ҳам то ҳол мавқеашро дар ин бора нашр накардааст.
Дар гузашта Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури гурезаҳо чандин бор аз мақомоти Тоҷикистон дархост карда буд, ки ихроҷи паноҳҷӯёни афғонистонӣ қатъ карда шавад.
Дар пайи як амалиёт ё рейди рӯзи 15-уми июл, ки дар шаҳри Ваҳдат чанде аз мардон ва занону кӯдакони афғонистониро ба кишварашон ихроҷ карданд, тарсу ҳароси паноҳҷӯёни афғон бештар шудааст. Дар шаҳри Ваҳдат макони аслии паноҳҷӯёни афғон, дар ду биное, ки аксари шаҳрвандони Афғонистон он ҷо иҷораву иқомат доранд, рӯзи 17-уми июл ягон афғонистонӣ дида намешуд. Як нафар аз паноҳҷӯёни афғон дар суҳбати телефонӣ гуфт, назди бинои истиқоматии онҳо маъмурони пулису мақомот ҳузур доранд. Замоне ки хабарнигорони Радиои Озодӣ назди яке аз биноҳо рафтанд, як корманди мақомот бо либоси низомӣ қарор дошт.
Ин паноҳандаи афғон ҳамчунин хабар дод, ки паноҳҷӯён аз тарси оне, ки ихроҷ мешаванд, давоми чанд рӯзи ахир аз хона берун намеоянд. “Онҳо афғонҳоро дошта, ҳуҷҷатояшонро мегиранд ва барояшон вақт таъин мекунанд.Феълан тақрибан бештар аз 20 рӯз аст, ки дар хона ҳастем ва ба ҳеҷ ҷой набаромадем”, -афзуд ин муҳоҷири афғон.
Сафорати Афғонистон дар Душанбе ва мақомоти Тоҷикистон мавзуъро шарҳ намедиҳанд. Баъзе аз паноҳҷӯёни афғонистонӣ ҳам дар суҳбатҳои бидуни микрофон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки мақомоти интизомӣ далели ихроҷи онҳоро ба Афғонистон шарҳ намедиҳанд ва танҳо назди онҳо шифоҳӣ муҳлат гузоштанд, ки бояд Тоҷикистонро тарк кунанд.
Бино ба иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон 9 ҳазор шаҳрванди Афғонистон зиндагӣ мекунанд. Аксари онҳо мегӯянд, аз тарси “Толибон” ба Тоҷикистон фирор кардаанд.
Гуфтугӯ